дарун — [درون] 1. дохил, андарун; муқоб. берун: даруни хона, даруни сандуқ 2. маҷ. ботин, замир, дил; даруни гӯш сӯрохии гӯш; даруни сина дар дил; ҳавлии дарун а) қисми дохилии ҳавлӣ; б) кҳн. қисми маҳрами ҳавлӣ, ки ба он ҷо даромадани мардони бегона… … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
зоҳиран — [ظاهراً] а 1. ба зоҳир, дар зоҳир, ба намуд; муқоб. ботинан; зоҳиран ва ботинан дар зоҳиру дар ботин 2. эҳтимол, аз афташ, гӯё … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
ботин — [باطن] а 1. даруни чизе, дохили ҳар чиз 2. олами дарунӣ, рӯҳӣ ва қалбии инсон, дил, замир; дар ботин а) ботинан, дарунакӣ; б) дар асл, дар ҳақиқат; зоҳиру ботин аёну ноаён, ошкор ниҳон; зоҳири касе бо ботинаш мувофиқ будан (мувофиқат кардан)… … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
даруннокӣ — [درون ناکي] гуфт. ботинан, дар дил, дар замир; даруннокӣ хандидан, даруннокӣ хурсанд шудан, даруннокӣ ғам хӯрдан … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
дарунсӯзӣ — [درون سوزي] 1. ҳисси сӯзиши дарун; таби дарун 2. маҷ. ботинан ғаму ғусса хӯрдан; азоби рӯҳӣ … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
қалбан — [قلباً] а 1. дар дил 2. аз таҳи дил, сидқан 3. ботинан, рӯҳан, маънаван … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
маъно — (маънӣ) [معنا // معني] а 1. он чи калима, ишора, аломат ва ғ. онро ифода мекунад, мазмуни калом: маънои калима, маънии барҷаста, маънии чуқур, маънои шеър; маънои луғавӣ маънои аслии калима; маънои маҷозӣ ниг. маҷозӣ; исми маънӣ грам. номи… … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
сиратан — [سيرتاً] а. табиатан, ботинан, аз ҷиҳати хулқу хислат … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ